Шавҳар ва хушдоман як ҷавонзанро 5 моҳ дар оғилхона зиндон кардаанд
1557

Дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҳодисае рӯй додааст, ки дили касро ба дард меорад. Як ҷавонзани 28-соларо дар ин вилоят шавҳар ва хушдоманаш 5 моҳи расо дар оғилхона зиндон кардаанд.

Дар ин бора яке аз корбарони шабакаи “Фейсбук” хабар дода, чанд акси ҷавонзанро низ гузоштааст. Мавод таҳти унвони “Баъзеҳоро садқаи номи инсон будан кунад!” нашр шуда, муаллиф менависад: “Келини ҷавон, ҳамагӣ 28-сола, панҷ моҳ пурра аз дасти шавҳару хушдоманаш дар оғилхона зиндонист. Панҷ моҳ - на панҷ рӯз! Дар ҳоле ки модарони дигар бо муҳаббат кӯдакро интизоранд, ӯ бо пучоқи тарбуз рӯз мегузаронд. Гурусна, азобкашида, вале зинда монд. Ва чӣ фоҷиае бузургтар аз он, ки ӯ дар ҳамон оғилхона фарзанд ба дунё овард. Ин натанҳо зулм ба як зан аст. Ин - зарба ба виҷдони тамоми ҷомеа аст. Оила - бояд паноҳгоҳи муҳаббат бошад, на зиндони азоб. Шавҳар - бояд сипар бошад, на душман. Хушдоман - бояд сояи модар бошад, на ҷаллод. Савол танҳо як аст: оё мо ҳанӯз одамем, агар чунин ҷиноят дар хонаи паҳлуи мо рух диҳад ва мо хомӯш бошем?”.

Дар идомаи мавод муаллиф менависад: “Шарафи инсон - муқаддас аст. Оила - муқаддас аст. Касе, ки ин ду арзишро поймол мекунад, на танҳо як занро мекушад, балки виҷдони моро низ мекушад”.

Аз ин навишта чунни бармеояд, ки имрӯз шавҳару хушдомани ин зан дар ҳабс буда, худи келин бо кӯдакаш зери табобат қарор доранд ва як бизнесмен ба ӯ хона туҳфа кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД