Дар ҳашт моҳи соли 2025 мақомоти интизомии Русия 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки дар ҷустуҷӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қарор доштаанд.
Дар ин бора Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия рӯзи 22-юми сентябр зимни мулоқот бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода хабар додааст.
Соли 2024 низ аз ҷониби мақомоти Русия 260 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буданд, вале Колоколтсев мушаххасан нагуфтааст, ки чанд нафари онҳоро ба Тоҷикистон истирдод намудаанд.
Дар мулоқот вазирон масъалаи мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, табодули иттилоот ва нақшаи кори муштарак барои соли 2026-ро баррасӣ намудаанд.