Роҳҳои мошингарди ду кӯчаи шаҳри Душанбе баста мешаванд
182

Роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе аз кӯчаи Зебуниссо то кӯчаи Убайди Зоконӣ баста мешаванд.

Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт имрӯз иттилоъ дода, гуфтааст, ки сабаби баста шудани роҳ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов аст. Дар робита ба ин, ин ниҳод аз ронандаҳо хостааст, ки тавассути роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат ҳаракат кунанд.

Мақомот нагуфтаанд, ки роҳи мазкур аз кай маҳдуд шуда, кадом рӯз дигарбора боз мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД