Падар дар хориҷи кишвар бошад, алимент ситонида мешавад?
25.09.2025
Oila.tj
316

Ману шавҳарам бо ду фарзанд аз ҳам ҷудо шудем. Падари фарзандонам баъди ҷудо шуданамон ба Олмон коркунӣ рафта, дигар барнагашт. Як сол боз дар хонаи волидонам ҳастам, вале шавҳарам ягон маротиба занг зада, аҳволи фарзандонашро намепурсад. Донистан мехоҳем, ки аз марди дар Тоҷикистон набуда алимент ситонида мешавад ё не?

CАНАВБАР

Ҷавоби ҳуқуқшинос:

- Дар моддаи 80-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷкистон омадааст, ки падару модар вазифадоранд фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад.

Новобаста аз дар кадом кишвар қарор доштан, падар ё модар уҳдадориҳояшонро бояд иҷро карда, маблағи алиментро пардохт намоянд. Дар ҳолати пардохт накардани маблағи алимент ҷавобгарии ҷинояти пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД