Ширкати амрикоии OpenAI, офарандаи ChatGPT ба гаронбаҳотарин стартапи ҷаҳон табдил ёфт ва аз рӯйи арзиш аз SpaceX-и Илон Маск пеш гузашт.
Ба иттилои Bloomberg, пас аз фурӯши қисми саҳмияҳои ширкат аз ҷониби кормандони кунунӣ ва собиқ, арзиши бозории OpenAI ба 500 миллиард доллар расид.
Дар доираи ин муомила саҳмияҳо ба маблағи тақрибан 6,6 миллиард доллар ба фурӯш рафтанд.