НБО «Панҷрӯд» боз фаъол шуд
30.09.2025
Oila.tj
70

Бо ҳиммату дастгирии Мардон Насриддинов, аз соҳибкорони муваффақи ин диёр, Панҷрӯди бостон, зодгоҳу қадамгоҳи Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, инак аз нав чароғон гардид. Ин манбаи барқ чандин сол буд, ки аз гардиш монда ва чархаву трансформатору дигар асбоби фаннияш фарсуда буданд.

Ин нуктаро рӯзноманигор Эраҷ Амон дар саҳифаи фейсбукиаш навишт ва илова намуд, ки “соҳибкори арҷманд Мардон Насриддинов дар остонаи шуруъи фасли тирамоҳу сармо бо иқдоми наҷибонааш бозсохту таҷдиди онро бар дӯш гирифт ва акнун, аз 28-уми сентябр НБО «Панҷрӯд» бо иқтидори 500 квт аз нав шуруъ ба гардиш кард. Бо чунин тавоноӣ неругоҳ деҳаи Панҷрӯдро акнун комилан бо барқ таъмин менамояд. Дар манзилу маъвои панҷрӯдиён барқи доимӣ шуълавар гаштааст ва сокинони деҳа барои ин кори хайри Мардон Насриддинов изҳори сипос менамоянд”.

Соҳибкор Мардон Насриддинов гуфтааст, ки “мо пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва барои ободии ватану диёр ҳамеша омода ҳастем ва то қадри имкон кӯшиш менамоям, ки барои рушду ободии Ватан саҳми босазо гузорам”.

Гуфта мешавад, ки неругоҳи «Панҷрӯд» соли 2011 аз тарафи Мардон Насриддинов, ки худ зодаи Панҷрӯд аст ва як ҷо бо ҳамдастии сокинони деҳа сохта ба истифода дода шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД