Филми муштараки Тоҷикистону Эрон таҳти унвони “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” ба озмуни бонуфузи ҷаҳонии Ҷоизаи Оскар дар соли 2026 пешниҳод шуд.
Дар ин бора Толиб Раҳматуллоев, муовини директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пеш аз оғози нахустнамоиши филм дар кинотеатри "Ватан" хабар дода, зикр кард, ки ин филм бо ҳамкорӣ бо ширкати “Корномаи Дубай” аз Аморати Муттаҳидаи Араб ва МД “Тоҷикфилм” дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст.
Коргардони филм Шаҳром Мукрӣ эронитабор буда, филмномаро дар ҳамкорӣ бо Насим Аҳмадпур навиштааст. Таҳиягари филм Нигор Искандарфар мебошад.
Филм комилан дар Тоҷикистон наворгирӣ шуда, бо иштироки ҳунармандони тоҷику эронӣ ва бо забони форсӣ-тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардидааст.
Дар баробари бозигарони маъруфи эронӣ Бобак Каримӣ, Ҳастӣ Муамоӣ, Кибриё Дилобуова дар филм ҳунармандони шинохтаи тоҷик Суҳроб Ҷанҷолов, Хуршед Мустафоев, Ортиқ Қодиров, Абдумумин Шарифӣ, Парвиз Пӯлодӣ, Зулфия Содиқова, Қандил Тоҳиров, Заррина Бадалова, Рафоат Шоазимова, Соро Собир нақш офаридаанд.
Айни замон филм дар Ҷашнвораи байналмилалии Пусан намоиш дода мешавад, ки то 26-уми сентябр идома меёбад.