Имрӯз дар як қатор кӯчаҳои Душанбе оби ошомиданӣ қатъ мешавад
02.10.2025
Oila.tj
123

Корхонаи “Обу корези Душанбе” хабар дод, ки имрӯз, 2-юми октябр дар як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе оби ошомиданӣ қатъ мегардад.

Бино ба иттилои ниҳоди мазкур, сабаби қатъи об анҷоми корҳои техникӣ (пайваст кардани қубури нави қутраш 300 мм дар кӯчаи Соҳилӣ ва барҳам додани қубури садамавии полиэтиленӣ) аст.

Гуфта мешавад, ки оби ошомидании сокинони кӯчаву биноҳои зерин аз соати 8:00 то 13:00 қатъ мегардад:

- кӯчаи Соҳилӣ (аз кӯчаи Мушфиқӣ то кӯчаи Абай);

- кӯчаи Неъмат Қарабоев, биноҳои 12, 13;

- мактаби рақами 72;

- бинои “Душанбе-Сити”;

- бинои амнияти ноҳияи Фирдавсӣ;

- кӯчаи Мушфиқӣ, биноҳои 109/2, 3, 4;

- кӯчаи Соҳилӣ, биноҳои 12, 9/2, 20/1, 11, 13, 36а, 48.

Корхонаи “Обу корези Душанбе” аз сокинони минтақаҳои мазкур дархост кардааст, ки пешакӣ об захира намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД