Дар шаҳри Душанбе маркази нави репродуктивӣ ва саломатии оилавӣ – Farna Euroclinic ба фаъолият оғоз намуд!
Клинникаи мазкур дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир буда, бо навтарин таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар Farna Euroclinic бемориҳои занона ва мардонае, ки боиси безурриётӣ мегарданд, бо усулҳои аврупоӣ ташхис ва табобат карда мешаванд.
Ҷуфтҳое, ки солҳои зиёд дар орзуи соҳиби фарзанддор гаштан мебошанд, метавонанд барои ташхис ва табобат ба марказ муроҷиат намуда, табобат бигиранд ё бо ёрии ЭКО орзуи деринаи худоро амалӣ гардонанд.
“Марказ бо ҳадафи муҳим таъсис дода шудааст – нигоҳубини саломатии занон ва мардон тибқи меъёрҳои муосири аврупоӣ. Дар Farna Euroclinic беҳтарин мутахассисон фаъолият менамоянд.
Farna Euroclinic табибонеро ҷалб намудааст, ки таҷрибаи чандинсолаи корӣ дар калонтарин марказҳои тиббии Маскав, ба монанди ЕМС, «Мать и дитя», ЭКО Family доранд ва ҳамзамон бо муассисаҳои пешқадами Аврупо ҳамкорӣ менамоянд.
Farna Euroclinic – танҳо як маркази тиббӣ нест, дар ин ҷо саломатии оила ба як санъати ҳақиқӣ табдил ёфта, ҳар як бемор дар дасти мутахассисони боэътимод қарор мегирад. Дар ин ҷо мӯъҷизаҳои ҳақиқӣ рӯй дода, орзуҳои ширини ҷуфтҳои ошиқ амалӣ мегарданд ва соҳиби насли солим мешаванд.
“Барои мо натиҷа – на ваъда, балки ҳадафи асосӣ мебошад”,-мегӯянд кормандони Farna Euroclinic.
Шахсоне, ки мехоҳанд аз вазъи саломатии худ бохабар гашта, табобати босифати аврупоӣ бигиранд ва орзуҳояшонро амалӣ гардонида, соҳиби насли солим гарданд, метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
ш. Душанбе, кӯчаи А. Лоҳутӣ, 11 (рӯ ба рӯи собиқ бозори “Зелёний”)
Телефон: +992 016 50 50 50
Сомона: farnaeuroclinic.tj
Соатҳои фаъолият:
Рӯзҳои корӣ аз 08:00 то 20:00
Рӯзи шанбе аз 09:00 то 18:00
Farna Euroclinic – ғамхорӣ барои саломатӣ ва хушбахтии шумо!