Дар шаҳри Душанбе санаи 10-уми октябр нишасти сарони кишварҳои ИДМ баргузор хоҳад гашт. Мулоқоти сарони давлатҳо дар формати Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мегардад.
Дар остонаи ин ҳамоиш, рӯзи 9-уми октябр президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Шаҳрдорӣ ба истиқболи ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пойтахти кишварамон шаҳри Душанберо бо гулҳои рангоранг оро медиҳад. Бино ба иттилои шуъбаи ободонии Ҳукумати шаҳри Душанбе, аллакай дар 11 нуқтаи шаҳр инсталлятсияи гулҳои рангоранг гузошта шудааст.
Аз ҷумла, дар майдони назди бинои парлумон ва ҳукумат, назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, назди Институти давлатии санъати Точикистон ва дигар ҷойҳо чунин ороишоти зеборо аз гулҳои назаррабо дидан мумкин аст, ки бо зебоияшон чашми касро мерабоянд.
Дар маҷмуъ дар 11 нуқтаи шаҳри Душанбе зиёда аз ду миллион гулҳои мавсимӣ насб мешаванд, ки аз ҳисоби маблағҳои шаҳрдорӣ харидорӣ шудаанд. Ба ороиши шаҳр бо гулҳои садранг тамоми кормандони хадамоти коммуналӣ ҷалб шудаанд.