Даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори сол-2025» оғоз гардид
23.09.2025
Oila.tj
129

Имрӯз, 23-юми сентябри соли 2025 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2025» оғоз гардид.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни мазкур бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсилот дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар даври ниҳоии озмуни мазкур ғолибони даври шаҳрию вилоятӣ иштирок намуда, маҳорати худро санҷида, ҳамзамон бо ҳамкасбони худ табодули таҷриба менамоянд. Дар даври ниҳоӣ 5 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, аз рӯйи ҳафт шарт ҳунару маҳорати худро месанҷанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД