Дар садамае дар ноҳияи Восеъ 3 нафар ба ҳалокат расидаанд
175

Дар садамаи вазнине, ки дар ноҳияи Восеъ рух додаааст, 3 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса рӯзи 22-юми сентябр дар роҳи деҳаи Кадучии ҷамоати Бобошоҳиён рух додааст.

Садама замоне рух додааст, ки корманди комиссариати ҳарбӣ як ҷавони синни даъватро бо зӯр ба мошин савор карда, бо суръат ронда ва ба мошини самти муқобил бархӯрдаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садамаро тасдиқ кардааст, вале ба корманди комиссариати ҳарбӣ будан ё набудани соҳиби мошин ишорае накардааст. Ба навиштаи ВКД, нисфирӯзии 22-юми сентябр Наҷибулло Рустамзода, ронандаи 33-солаи “Тайота Камри” дар ҳудуди ҷамоати Бобошоҳиён “ба самти муқобил ҳаракат карда”, ба мошини Кароматулло Бурҳонов, ронандаи 27-солаи “Опел Астра” бармехӯрад.

Дар ин ҳодиса ронандаи “Опел Астра” бо ду мусофираш - Наргис Иброҳимоваи 30-сола ва Давлатбибӣ Забироваи 54-сола дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, ду тан мусофири дигар, ки яке зан ва дигаре ҷавони 27-сола будааст, ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Парвандаро Прокуратураи ноҳияи Восеъ тафтиш мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД