Санаи 24-уми сентябри соли 2025, соати 00:20 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, деҳаи Сангистон, мавзеи Лангар садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, рақами қайди давлатиаш 917АЕ07, Ғафуров Зафар, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сангвори ноҳияи Сангвор ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, аз канори роҳ берун баромада, ба садама дучор гардидааст.
Ҳангоми гирифтани хабар наҷотдиҳандагони кумита дар водии Зарафшони ноҳияи Айнӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ба воситаи асбобҳои махсуси буранда ронандаро аз дохили автомашина зинда бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол додаанд.