Кормандони милитсияи пойтахт як занро бо гумони фолбинӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Панҷшанбеева Гулихандон, сокини 49-солаи шаҳри Душанбе барои фолбинӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дастгир шудааст. Номбурда муддати тӯлонӣ ба ин амали нангин машғул буда, аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст меовардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Панҷшанбеева бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст. Суд ба Панҷшанбеева Гулихандон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин намудааст.