goodwell
Дар Душанбе ва чанд минтақаи кишвар ҳавои ғуборолуд мешавад
10.09.2026
Oila.tj
65

Рӯзҳои наздик дар Душанбе, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои ғуборолуд пешбинӣ мешавад.

Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ин вазъ аз 11 то 13-уми сентябр идома хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки ҳавои ғуборолуд аз самтҳои ҷанубу ғарб ва ҷанубу шарқ ворид мешавад. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли зиёд шудани консентратсияи зарраҳои чанги дар ҳаво овезон, аз ҷумла PM10 ва PM2.5 вуҷуд дорад.

Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароит будубоши тӯлонӣ дар ҳавои кушодро маҳдуд намуда, махсусан аз гаштугузори зиёд дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД