Дар Душанбе таъмини аҳолӣ бо гармӣ оғоз шуд
03.10.2025
Oila.tj
110

Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ намудаву Маркази барқу гармидиҳии №1-и пойтахт бо оби гарми қубурӣ таъмин шуда, дар назар аст, ки даҳаи дуюми моҳи октябр ба кор оғоз намояд.

Гуфта мешавад, ки Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе пурра ба кор оғоз намуда, ҳамзамон шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо об пур ва барои таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе пурра омодаи кор шуда, дар муҳлати муайяншуда марҳила ба марҳила ба кор шуруъ менамоянд.

Маркази барқу гармидиҳии №1 ва дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд.

Дар мавсими зимистони солҳои 2025-2026 таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД