Дар Душанбе ба энергетикҳо 5 мошини барқии BYD супурда шуд
154

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мутахассисон ва навсозии паркҳои нақлиётӣ, ба энергетикҳои пойтахт 5 адад мошини барқии BYD e2 супурда шуд.

Мошинҳои мазкур байни ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино, инчунин ба хадамоти лаборатории шабакаҳои энергетикӣ тақсим карда шуданд.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, истифодаи мошинҳои барқӣ ба ҳадафҳои зерин мусоидат хоҳад кард:

- баланд бардоштани фаврият ва суръати фаъолияти мутахассисон;

- беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён;

- коҳиш додани фишор ба низоми энергетикӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026.

Вазорат таъкид мекунад, ки истифодаи нақлиёти барқӣ на танҳо самаранокии корро меафзояд, балки ба ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти сатҳи зиндагии сокинон низ саҳм мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД