Чораҳои пешгирии интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак баҳогузорӣ шуданд
02.10.2025
Oila.tj
94

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати гурӯҳи бисёрҷониба бо мақсади баҳодиҳии ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирии интиқоли ВНМО, гепатити вирусӣ ва оташак аз модар ба кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, шарикон оид ба рушд ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳафзи иҷтимоии аҳолии кишвар, гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои банди 64-и Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2021, №50 тасдиқ гардидааст, таъсис дода шуда, ҳадаф ва мақсади он баҳодиҳии ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирии интиқоли ВНМО, гепатити вирусӣ ва оташак аз модар ба кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Зимни ҷаласаи корӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа доир ба масъалаҳои пешгирии интиқоли ВНМО, гепатити вирусӣ ва оташак аз модар ба кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо пешниҳод карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД