35 years of independency
Чорабинӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Русия
10.09.2026
Oila.tj
57

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар яке аз чойхонаҳои миллии тоҷикии Русия ҳамоиши идонаи фарҳангӣ баргузор гашт.

Чорабинӣ бо ибтикори қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Русия баргузор гашта, дар ҳамоиш ҳамватанони бурунмарзӣ, аҳли илму адаб, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дӯстдорони суруду таронаҳои дилнишин иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ намоиши дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла молу маҳсулоти гуногуни истеҳсоли Тоҷикистон, китобҳои олимону муҳаққиқони русу тоҷик дар бораи заминаҳои ташаккули халқи тоҷик, либосҳои миллӣ ва таомҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, ҳамчунин барномаи рангини ҳунарӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД