Боздошти гурӯҳи ҷиноӣ дар Ӯзбекистон, ки ба хариду фурӯши узвҳои инсон машғул будаанд
430

Дар Ӯзбекистон як гурӯҳи калони ҷиноиро боздошт намудаанд, ки бо харидуфурӯш ва пайванди ғайриқонунии узвҳои инсон машғул будаанд. Гурӯҳ аз 12 нафар иборат буда, дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Фарғонаю Бухорою Қашқадарё зиндагӣ мекардаанд.

Аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ маризони гирифтори бемориҳои шадиди гурда ва ҷигарро, ки ниёз ба пайванди узв доштаанд, пайдо карда, баъд афроди солимро водор мекардаанд, ки узвҳои худро бар ивази пули калон ба онҳо фурӯшанд.

Ҷинояткорон бо истифода аз робитаҳои худ дар хориҷи кишвар ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохта, донорҳоро ҳамчун хешовандони беморон муаррифӣ мекардаанд. Гуфта мешавад, ки ҷарроҳии ивази узвҳои инсон дар як клиникаи хусусӣ анҷом мешудааст. Тӯли солҳои 2023- 2025 гурӯҳ трансплантатсияи гурда ва ҷигарро барои 32 бемор ташкил кардааст. Ба беморони пас аз ҷарроҳӣ вазъашон бадшуда ҷинояткорон бо нархи гарон ҳар хел доруҳои сахттаъсири карахткунандаи дардро мефурӯхтаанд.

Нисбати аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ бар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон, аз ҷумла трансплантатсияи ғайриқонунии узв ва бофтаҳои инсон, тақаллуби ҳуҷҷатҳо, қочоқи маводи мухаддир ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД