Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд маросими гусели ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни ҷамъомад иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ шуморида, таъкид медоранд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан-Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд».
Дар ҷамъомад ба як зумра даъватшавандагон, ки даври омӯзишии ронандагиро хатм намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.