Дар кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон қариб ду ҳазор кӯдакон дар як боғчаи бачагона заҳролуд шудаанд.
Заҳролудшавии кӯдакон аз 24-уми сентябр оғоз шуда, якбора волидони 1940 нафар тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо бо фарзандонашон ба беморхонаҳои вилоятӣ муроҷиат кардаанд. Бештар аз нисфи кӯдакон баъди гирифтани ёрии аввалия ҷавоб дода шудаанд.
Гуфта мешавад, ки то субҳи 28-уми сентябр 182 кӯдак дар беморхона бистарӣ буданд ва дар ҳамаашон бемории илтиҳобии рӯдаю меъда- гастроэнтерити шадид ташхис шудааст. Эҳтимол меравад, ки кӯдакон аз кефири пастсифат, ки ба муассисаҳои томактабӣ интиқол дода шудааст, заҳролуд шудаанд.
Тавре расонаҳои ӯзбекӣ дар такя ба мақомот навиштаанд, дар робита ба ин қазия 7 нафар боздошт шудаанд: се корманди як ширкати тавлидкунандаи маҳсулоти ширӣ ва чаҳор намояндаи ширкатҳое, ки муассисаҳои томактабиро бо ғизо таъмин мекунанд.
Таҳқиқи ҳодисаи заҳролудшавии дастаҷамъии кӯдакон дар боғчаҳои вилояти Тошканд идома дорад.