Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки Қурбонов Мирзохон, сокини кӯчаи Р. Набиев муддатест бо ҳамсояаш Қодиров Озод нофаҳмӣ дошта, мунтазам муноқиша мекардаанд.
Аз ҷумла, санаи 22-юми сентябр низ якдигарро мавриди латукӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Дар натиҷа Қурбонов М. бо масолеҳи сохтмонии мех ду маротиба ба қафаси синаи Қодиров А. зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гумонбаршаванда Қурбонов М. бо моддаи 112-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.