Вазорати нақлиёти Амрико ба шаҳрвандони хориҷӣ додани гувоҳномаи ронандагии мошинҳои боркашро манъ мекунад.
Ин ниҳод бо нашри як санади расмӣ гуфтааст, ки агар шаҳрвандони хориҷӣ раводид (виза)-и корӣ надошта бошанд ва аз санҷиши ҳатмии федералии муҳоҷират нагузаранд, наметавонанд гувоҳномаи ронандагӣ барои идораи мошинҳои боркаши тиҷоратиро ба даст оранд.
Ба гузориши расонаҳо, ин тасмим дар пайи як садамаи маргбор дар иёлоти Флорида, ки бо иштироки мошини боркаши таҳти идораи як муҳоҷири ҳиндӣ рух додааст, гирифта шудааст.
Ин садама рӯзи 12-уми август рух дода, боиси марги се нафар шудааст. Гуфта мешавад, ки эҳтимол ин муҳоҷири ҳиндӣ дар Амрико ғайриқонунӣ истиқомат доштааст.