Масъалаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад, зеро солимии ҷомеа аз солимии ҳар як узви он вобаста аст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хоса ба занон ва кӯдакон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои судманд меандешад. Яке аз чунин қадамҳои муваффақ амалӣ гаштани лоиҳаи “Ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон (MNCH)” мебошад, ки бо дастгирии Бунёди Lives & Livelihoods (Ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ) (LLF) дар вилояти Хатлон амалӣ карда шудааст.
Бунёди Lives & Livelihoods (Ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ) (LLF) як ташаббуси бисёрҷонибаи донории 2,5-миллиарддоллараи ИМА мебошад, ки онро бонки Исломии рушд (IsDB) дар ҳамкорӣ бо Бунёди рушди Абу-Даби, Бунёди Гейтс, Бунёди ҳамбастагии исломӣ барои рушд, Маркази кумаки башардӯстонаи шоҳ Салмон ва Бунёди рушди Қатар роҳбарӣ мекунад.
Қадамҳои муваффақ дар ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар вилояти Хатлон
Лоиҳаи “Ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон (MNCH)” дар 4 ноҳияи пилотии вилояти Хатлон - Данғара, Норак, Балҷувон ва Ховалинг ба муҳлати 4 сол амалӣ гашта, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, пешгирии хатари марги модару навзод ва кӯдакони то 5-сола аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур мебошанд.
Дар доираи лоиҳаи Ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон (MNCH)” бо дастгирии Бунёди Lives & Livelihoods (Ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ) (LLF) дар 4 ноҳияи пилотии вилояти Хатлон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла дар ноҳияи Данғара як маркази бисёрфунксионалии тиббӣ бунёд ёфта, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг аз нав таъмиру бозсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин карда шуданд. Аз ҷониби донорҳо ба беморхонаҳои мазкур 12 адад мошинҳои нави “Ёри таъҷилӣ” туҳфа шудааст, ки бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, барои дар шароити сахти кӯҳистон сари вақт расонидани ёрии тиббӣ ба беморон, махсусан занони ҳомила ва кӯдакон кумак мерасонанд. Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин 42 маркази тиббӣ ва 87 бунгоҳҳои саломатӣ бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин гашта, 2300 нафар кормандони тиб аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида шудаанд.
Туфайли ин лоиҳаи муваффақ сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гашта, назорати занони ҳомила дар давраи пеш аз таваллуд аз 50% ба 70% зиёд шудааст ва шумораи таваллуд дар таваллудхона то ба 1500 афзудааст. Дар маҷмуъ дар 4 ноҳияи пилотӣ 62000 нафар занон ва кӯдакон дар доираи ин лоиҳа аз хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ баҳра бардоштаанд.
Боздиди донорҳо аз натиҷаҳои лоиҳа
Санаи 2-юми сентябр донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods (Ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ), ки ин рисолати муҳимро анҷом додаанд, бо сарварии ҷаноби Алӣ Хон, сарвари минтақавии Бонки Исломии Рушд дар алма-Ато, Бандара Алховейша, мудири шуъбаи идоракунии Бунёди Ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ ва дигар меҳмонони олиқадр ба Тоҷикистон ташриф оварданд, то бо натиҷаҳои лоиҳаи мазкур аз наздик шинос шаванд. Иштирокчиёни рисолат 3-юми сентябр ҳамроҳи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ба вилояти Хатлон сафар карда, аз Маркази замонавии бисёрфунксионалии тиббӣ дар Данғара дидан намуданд ва дастовардҳои назаррасро дар соҳаи ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон, ки дар натиҷаи ин шарикӣ ба даст оварда шудааст, бо чашми хеш дида, мустақиман бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҷамоатҳои маҳаллӣ суҳбат намуданд, то фоидаҳои назарраси лоиҳаро арзёбӣ намоянд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон барои саҳми арзандаашон дар бунёди ин маркази тиббӣ ва умуман беҳдошти соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ба меҳмонони олиқадр ва донорҳо изҳори сипос намуда, зимни суханронии худ аз ҷумла чунин гуфт: “Бонки исломии рушд яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон буда, чандин лоиҳаҳои муваффақро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ дар кишвари мо дастгирӣ кардааст. Яке аз чунин лоиҳаҳои муфид бунёди Маркази бисёрфунксионалии тиббӣ дар ноҳияи Дангара мебошад, ки санаи 24-уми майи соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гашта, зиёда аз як сол инҷониб ба мардум хизматрасониҳои босифати тиббиро пешкаш карда истодааст. Ин марказ, ки туфайли шарикии дастаҷамъонаи бонки Исломии рушд (IsDB), Бунёди рушди Абу-Даби, Бунёди Гейтс, Бунёди ҳамбастагии исломӣ барои рушд, Маркази кумаки башардӯстонаи шоҳ Салмон ва Бунёди рушди Қатар мебошад, дар беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар минтақа саҳми арзанда дошта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои рушди стратегӣ кумак мерасонад...”.
Тиби замонавӣ - барои мардуми кӯҳистон
Тавре Шерафган Сатторов, роҳбари лоиҳа зимни суҳбат бо мо гуфт:
Лоиҳаи мазкур дар давраи солҳои 2020-2024 дар 4 ноҳияи пилотии вилояти Хатлон бо сарфи беш аз 22, 91 миллион доллари амрикоӣ амалӣ карда шуда, беморхонаҳо, марказҳо ва бунгоҳҳои тиббии дар доираи ин лоиҳа бунёдёфта ва таҷдиду бозсозишуда бо тамоми таҷзиҳоти зарурӣ аз ҷониби донорҳо таъмин карда шудаанд. Аз ҷумла дар Маркази бисёрфунксионалии тиббии Данғара беҳтарин таҷҳизоти тиббии замонавӣ, аз қабили дастгоҳи МРТ-томографияи компютерӣ, ултрасадои сатҳи баланд, дастгоҳҳои муосири лабораторӣ, рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои зарурӣ барои амалиёти наҷот ва дигар таҷҳизоти босифати тиббӣ мавҷуд буда, зарурати барои ташхис ва табобат ба пойтахт сафар кардани сокинони минтақаро пурра аз байн бурдааст.
Санаи 4-уми сентябр дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони сарпарастон-донорҳои лоиҳа нишасти матбуотӣ доир гашта, зимни посух гуфтан ба саволҳои хабарнигорони тоҷик меҳмонон аз натиҷаҳои лоиҳа изҳори хушнудӣ намуданд.
Фирӯза САТТОРӢ